АНДЕША. 25 – сол Ҳизби Хадқии Демократии Тоҷикистон бо шиори “Барои ваҳдати милли, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” дар фазои сиёсии кишвар бо барномаҳои созанда ва зери роҳбарии Раиси муаззами худ Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувор гузошт. ҲХДТ дар ин муддат тавонист таҳти роҳбарии Раиси муввафақу кордони худ Ваҳдати миллиро эҳё намуда, сулҳу оромиро пойбарҷо нигоҳ дошта, суботи сиёсиро ба танзим дароварда, барои созандагиву бунёдкорӣ тамоми қувваю тавоноии худро равона созад. Имсол бошад, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо барномаи комилан нави худ, инчунин зери шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” вориди интихобот мегардад. Чуноне, ки дар барномаи ҳизб зикр гардидааст, Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҳадафҳои асосии барномавиии ҳизб сарчашма гирифта ҳамчунун ҳуҷҷати раҳнамо барои расидан ба онҳо вазифаи ҳар як узви ҳизбро ҷиҳати рушди иқтисодиёт ва беҳбуди ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар муайян менамояд. Дар тули 28 соли соҳибистиқлолии худ Тоҷикистон ва мардуми шарифи он марҳилаи пурпечутоби таърихи навинро паси сар намуда санчишҳои зиёдеро рӯ ба рӯ гаштааст.
Дар ҳамин муддат Тоҷикистон бо пешравиҳои бузургаш дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ заминаи устувор пайдо намуда, мавқеъ, нуфуз ва ҷойгоҳи худро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт. Дастовардҳои бузургеро, ки то имрӯз миллати тоҷик ба шарофати истиқлолияти давлатӣ ва дар партави роҳбарии хирадмандонаи Ҳукумати кишвар бо сарварии Асосгузори Сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноил гардидааст, ҳеҷ фарди солимфикру боинсоф инкор карда наметавонад.
Дар ин роҳи басо мураккаб ва тағйирёбандаи ҷаҳони муосир вазифаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ин рӯшди ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, пешгирӣ аз афзудани тамоюлҳо, пешгирӣ аз дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ дар минтақа ва хатарҳои терроризму экстремизм инчунин ягонагии халқи Тоҷикистон мебошад. Чуноне, ки дар шиори ҳизб омадааст, ҲХДТ барои зиндагии шоистаи мардум бахусу халқи Тоҷикистон ҳамеша талош менамояд. Аз ин лиҳоз вазифаи ҳар як аъзои ҳизб инчунин вазифа ҳар як шаҳрванди кишвар ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷоммеа мебошад.
Бо боварии том метавон гуфт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо татбиқи ҳадафҳои барномавии худ ноил гардида, дар доираи барномаи худ, таҳти роҳбарии Раиси муаззами худ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои солҳои 2020-2025 ҳадафҳояшро пурра ба манфиати давлату миллат ва мардуми шарафманди Тоҷикистон равона намуда, барои рушду нумуи Ватани азизамон саҳми арзанда мегузорад.
Қумриниссо Гулмуродзода, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак