АНДЕША. Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, мо ҷавононро ба озодию ободӣ ва ғамхорӣ ба Ватан, ғамхорӣ ба халқ таҳкид намуда, дар ҳама соҳаҳо: иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, тандурустӣ, варзишӣ ва дигар соҳаҳои гуногун дастгирӣ намуда, ҳамзамон дар ҳама соҳаҳо кор ва фаъолият карда истодаем.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф намуда, такмили низоми қонунгузории миллӣ бо назардошти манфиатҳои ҳар як шаҳрванди ҷомеъа ва давлат, таҳкими рукнҳои асосии давлатдории миллӣ, тақвияти мубориза бо таҳдиду зуҳуроти барои ҷомеаи мо хатарнок аз қабили терорризм, экстромизм, корупсия, инчунин пешгирии ҷиноятҳои фаромилӣ, боло бурдани фарҳангӣ ҳуқуқи аҳолӣ пайваста корбари намуда истодааст.
Бо дастгирии Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳама шаҳру ноҳияҳо ободкорӣ бо суръат идома ёфта, аз он ҷумла ноҳияи Балҷувон низ рӯз то рӯз симои худро дигаргун месозад.
Моҳи августи соли 2019 бо ташрифи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ноҳияи Балҷувон шоҳроҳи Кангурт-Балҷувон -Ховалинг ба истифода дода шуда, бунёди роҳи Балҷувон-Сари Хосор бошад бо суръат идома дорад.
Ин ҳама ҳамкориҳо мо ҷавонони ноҳияро водор месозад, ки доимо созандаю бунёдкор бошем. Ногуфта намонад, ки ҷавонон ояндаи миллатанд. Бояд ин суханони Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро сармашқи кори худ намуда, ҷавонони бонангу номус ва боирода ҳамчун нерӯи созанда дар маъракаҳои муҳими давлатию ҷаъмиятӣ фаъолона иштирок карда, дар корҳои ободонӣ бунёдкорӣ ҳиссаи сазовор гузорем.
Вобаста ба нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ дар ноҳияи Балҷувон рушди соҳаи сохтмон бараъло барназар мерасад.
Сохтмон яке аз соҳаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ инъикоскунандаи рушди кишвар ва сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад. Бо мақсади беҳтар намудани пешбурди фаъолият дар соҳаи меъморию шаҳрсозӣ ва сохтумон санадҳои меъёрии хуқуқии соҳа такмил дода шудааст.
Мо ҳизбиёнро зарур аст, ки барои таъмини рушди соҳаи сохтумон тадбирҳои иловагӣ андешем.
Мо аз номи ҳизбиён ба сокинони ноҳия муроҷиат мекунем, ки то ҷашни муқаддасу бузурги 30-солагӣ ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон ҳар як оила ба масъалаи таҳдиду аз навсозӣ, тозаву озода ва ободу зебо гардонидани манзили зист кӯчаю хиёбон ва ҳамаи маҳаллаҳои аҳолинишин кӯшиш намоянд.
Дар ин раванд зарур аст, ки минбаъд худи мо ҷавонон ташаббускору созанда бошем, дастовардҳои илмию эҷодии худро сари вақт муаррифӣ созем.
Ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза бурда, зирракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеъа ва давлат омода бошем, таъриху фарҳанги халқамонро гиромӣ дорем ва барои ободию пешрафти минбаъдаи Ватани маҳбубамон саъю кӯшиш намоем.
Мо ҷавонон бояд ҳамеша тарфдори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бошем, чунки ин интихобот ифодаи олӣ таввасути изҳори озодона ва ихтиёрӣ, иродаи интихобкунандагон буда, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани он яке аз вазифаҳои муҳими давлат мебошад.
Мо худ медонем, ки нооромию бесарусомониҳо ба гурӯҳҳои муқобил ҷудо шудани шаҳрвандони кишвар ва ихтилофоти шаддид дар ҷомеъа аз интихоботи Президенти соли 1991 оғоз шуда ва оқибат боиси сар задани ҷангу хунрезии шаҳрвандӣ гардид.
Мо ҷавонони кишвар нагузорем, ки чунин ҷангу ҷидолҳои даҳшатнок моро ва миллати моро ба паррокандагию нооромӣ оварда расонад. Мо бояд ин маъракаи сиёсиро аз ҳар як шаҳрванди кишвар ба хотири рушду ободии фардои мамлакат ва осоишу наслҳои оянда, фарҳангӣ баландӣ сиёсӣ ватандӯстӣ, ва масъулиятшиносиро тақозо намоем.
Хар як фарди ватандӯст бояд дар ҳифзи марзу буми ватан таъмини амнияти давлат ва оромию субботи ҷомеъа бо маълумоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ҳамкори намоем.
Мо ҷавонони ноҳияи Балҷувон Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро бовар мекунонем, ки ҷашни мубораки миллиамонро дар шароити аз имрӯза беҳтар ва бо дастовезҳои арзандаи миллати некномамон истиқбол менамоем.
Сангов С.Р, номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Балҷувон аз ҳавзаи Каҷтут №26