БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАҲТИ РАҲНАМОИИ ХИРАДИ ВОЛОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ТАЛОШ МЕВАРЗЕМ!

АНДЕША. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 10 декабри соли 1994 таъсис дода шуд ва дар  вазорати адлия  15 декабри соли 1994 таҳти рақами 199 сабти ном шудааст. Раиси ҳизб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Мавриди тазаккур аст, ки мақсади асосии фаъолияти ҳизб баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, таъмини шароити хуби зиндагӣ, тараққиёти иқтисодию иҷтимоӣ, таъмини оромӣ, пойдории сулҳу суббот ва ноил шудан ба ҳадафҳои миллии кишвар равона шудааст. Ҳамчунин ба таҳкими истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳанги миллат ва дар оянда ба як мамлакати пешрафта табдил додани ин кишвар мусоидат мекунад. Маҳз зери роҳбарии хиради волои ин марди хирад Пешвои муаззами миллат мо ба давлати навини худ асос гузоштем, ки дар арсаи ҷаҳон ин миллатро аллакай шинохтаанду эҳтиром доранд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз давраи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода барои расидан  ба ҳадафҳои миллӣ, тақвияти ҳисси ҳуввияти арзишҳои миллӣ  исботӣ он гуфтаҳои мардуми тоҷдор будани тоҷикон гомҳои навро мегузорад. Дар ин давра мо як қатор барномаҳои кутоҳмуҳлат, миёнамуҳлат ва дарозмуҳлатро барои рушди иқтисоди кишвар тарҳрезӣ намуда мавриди амал қарор додем, ки ба дастовардҳои хуб ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум равона карда шуда будаанд.  Ҳамчунин дар ин замина  барномаи дарозмуҳлат то соли 2030 яъне «Ҳадафҳои рушди уствор то давраи 2030» тарҳрезӣ намудем, ки мақсади аз он чунин мебошад;

- барҳам додани камбизоатӣ

- барҳам додани гуруснагӣ

- саломатӣ ва некуаҳволӣ

- маърифати босифат

- баробарии гендерӣ

- оби тоза ва беҳдошт

- нерӯи дастрас ва тоза

- меҳнати сазовор ва рушди иқтисодӣ

- саноатикунонии иноватсия ва инфросохтор

- коҳиш додани нобаробарӣ

- шаҳру маҳалҳои ноуствор

- истеъмолу истеҳсоли оқилона

- мубориза бо тағйирёбии иқлим

- нигоҳдории экосистема

- ҷомеаи осоишта ва дастраси ба адлия

- ҳамкори барои рушди уствор

- фарогирии аҳолӣ бо шуғли пурмаҳсул

      Ҳамчунин мо пештар 3 ҳадафи стратегӣ доштем. Аз ҷумла; баромадан аз бунбасти комуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва расидан ба истиқлояти энергетикӣ, мо ба ин ҳадафҳо қариб, ки пурра расидаем. Бо бунёди гаштани неругоҳи барқии обии Роғун мо ҳамчун кишвари истеҳсолкунада ва таъминкунандаи барқ натанҳо ба дохили кишвар балки берун аз кишвар мегардем. Бо кор андохтани иқтидорҳо мо метавонем ба буҷети кишварамон миллиардҳо сомонӣ маблағ ворид созем, ки ин як такони ҷиддие дар самти иқтисоди  кишвар ва шароити созгор барои ҷойҳои нави корӣ таъсиси корхонаҳо мебошад.

      Амнияти озуқаворӣ. Имрӯзхо барои рушди соҳаи кишоварзӣ як қатор техникаҳою таҷҳизотҳо ба ин соҳаи басо муҳим ворид шуда, тамоми кӯшишҳо ба харҷ дода мешавад, ки сари ҳар як ваҷаб замин чораҳо андешида шавад токи  сатҳу сифат ва дастраси ба маводҳои ғизоӣ ба аҳолӣ пурра таъмин ва дар навбати худ содирот ба дигар мамолики дунё карда шавад, ки дар ин замина буҷети кишвар ғанӣ мегардад. Мардуми тоҷик аз азал мардуми меҳнатдӯст буда, дар дастархони ин миллат фаровонӣ пойдор буд. Иқлими мо хос ба соҳаи кишоварзӣ буда тамоми маҳсулотҳои ниёзи мардум дар ҳаёти рӯзмара аз ин хоки зархези Тоҷикистони маҳбубамон гирифта мешавад.

      Дар самти баромадан аз бунбасти комуникатсионӣ роҳсози ё инки роҳдорӣ пайвандгари дилҳост, ки халқиятҳоро бо ҳам мепайванданд ва дустии халқҳоро мустаҳкам месозад. Мо зарфи солҳои охир дар натиҷаи бунёди шоҳроҳҳои мошингарди байналмилалӣ ва пайвастани Тоҷикистон бо роҳҳои Ҷумҳурии мардумии Чин, Афғонистон, Қирғизистон кушода шудани роҳи оҳан ва гузаргоҳи сарҳадӣ бо Узбекистон кишвари мо аз бунбасти комуникатсионӣ раҳои ёфт.

      Баъдан мо як ҳадафи дигари стратегӣ дар пеши худ азм гузоштем, «Ҳадафи чоруми миллӣ саноатикунонии босуръати кишвар». Воқеан ин ҳама хиради волои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки рӯз аз рӯз мо дастовардҳои зиёде чи дар самти иқтисодӣ, чи иҷтимоӣ ва ҳамчунин сиёсӣ ноил гардидему гардида истодаем. Бо суйи ҳадафҳо бо гомҳои уствор рафта истодаем. Ҳадафи чоруми миллӣ ин саноатикунонии босуръати кишвар мебошад, ки мо метавонем ба кишвари тавлидкунанда ва содироткунандаи  молу маҳсулот мубаддал гардем. Асоси пешрафт ва пойдории иқтисодиёти ҳар як кишвар ин  саноат тавлиди молу маҳсулотҳои сифатнок дар навбати аввал таъмини дохили кишвар, баъдан хориҷи кишвар мебошад. Танҳо бо ин восита мо метавонем, ки иқтисодиёти худро мустаҳкам нигоҳ дошта, сатҳи таваррум гирифта мешавад, дар ин замина ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуда маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёд мегардад.  

    Бе шубҳа Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба имкониятҳои бойи сайёҳӣ, иқлими мусоид, чашмаҳои шифобахш, табиати рангин, мавзеъҳои нодир, гулу гиёҳҳои дармонӣ наметавонем ба соҳаи сайёҳӣ мароқ зоҳир нанамоем. Маҳз ин ҳама ба назар гирифта шуда солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 ироа гардид. Бояд гуфт, ки бо истифода аз ин ҳама имкониятҳо мо ин соҳаро рушд дода, аз ин соҳа даромадҳои калон ба даст орем. Зеро, ки аз рӯи таҳлилҳои иқтисоддонон ҳар як дақиқа дар дар дунё ҷойҳои нави корӣ дар самти сайёҳӣ ташкил карда мешавад. Пешвои миллат мақсади асосӣ аз ин пешниҳодҳоро дар амалӣ гардонидани талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва рафъи ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум арзёбӣ намуданд. Азбаски 73 фисади аҳолии Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ мекунанд, маҳз бо ин восита  аҳолии деҳот бо ҷойи кор ва ба даст овардани даромад таъмин мегарданд.

    Зери  партави ободкоронаи Пешвои муаззами миллат ҷонибдор аз ин сиёсати пешгирифта буда, тамоми кушишҳоямонро бояд ба харҷ диҳему бо дили  гарму ақлҳои ободкоронаамон ва неруи созанда ба фардои меҳан як кишвари зебоеро ба наслҳо боқӣ гузорем. Шиори мо дар ҷоддаи фаъолият расидан ба мақсаду маром як ҳаст,  Тоҷикистон ба пеш!

 

Носир Қурбонов, номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Балҷувон дар ҳавзаи интихоботии №28              

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg