АНДЕША. ҲХДТ ҳизбест, ки тамоми соҳаҳои ҳайёти имрӯзаи мардумро ҳамаҷониба дастгири намуда, ба ҳама қишри ҷомеа таваҷҷуҳи хоса дорад. ҲХДТ барои пешрафти мардуми шарифи Тоҷикистон ва таъмини рушди устувор ва бомароми мамлакат тадбирҳои заруриро амалӣ месозад.
Ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дуняви ва ягона пазируфта шуда, барои шаҳрвандон шароитҳои арзандаи зисту зиндагони, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳуқуқ ба таҳсил, озодона интихоб намудани касбу ҳунар новобаста аз нажоду миллат ва дин фароҳам меорад. Роҳбарияти ҳизб пайваста кӯшиш намуда истодааст, ки ба мардуми шарафманди кишвар беҳтарин шарту шароити зисту зиндагониро фароҳам гардонад.
Ҳар яки мо шаҳрвандон хуб медонем, ки Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад ва халқи азизамонро барои пешрафти зиндагии орому осуда раҳнамои карда, мардумро барои омӯхтани илму маърифат, донишу малака, касбу ҳунар водор мекунад ва мекушад ки ҷавонону наврасон ба ҳамагуна роҳу восита дониши худро бештар кунанд. Ва ҳама роҳҳои омӯхтани илму маърфатро барои калонсолону ҷавонон ва насли навраси ояндасози миллат кушодааст, то ки шахсони маҳоратдошта дар паси пардаи тангдасти намонад. Ҳар кассе, ки каме кӯшиш мекунад ҳама дарҳоро баруяш кушодааст ва метавонад роҳи худро дар зиндаги биёбад, инро ҳар яки мо мебинем ва эҳсос мекунем.
ҲХДТ ба ҷавонон бештар такя карда онҳоро ҳамчун нерую қудрати давлату миллат, ояндасози мамлакат ба вазифаҳои роҳбарикунанда ҷалб ва пешниҳод намуда истодаанд. Ва ҳарчи бештар барои омӯзонидани илму техника ва техналогияи муосир барои ҷавонон кӯшиш мекунад. ҲХДТ ба ҷавонон рӯ оварда ба маълумотнокии онҳо таваҷҷуҳи бештар дода барои омӯзониданӣ донишу малака ва касбу ҳунарҳои гуногун саъю талош дорад. Барои ҳамин ҳар як фарди ватандӯст барои пешрафти ватани азизамон кӯшиш ба харҷ диҳад то дар замири худ ҳисси баланди ватандӯстию ватанпарварӣ ва хештаншиносиро ҷо гардонида, ба қадри тамоми арзишҳои миллату давлат бирасанд.
Бояд ҳар як ҷавонмарди тоҷик бидонад, ки ҲХДТ ин пуштибон аз ятимону бепарасдорон, пирону бекасон, занону духтарон ва халқи азизамон аст.
Лутфияи Абдумутолиб, номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Балҷувон дар ҳавзаи интихоботии №2