Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Тибқи ҷадвали тасдиқшудаи КИ ХХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар дар ташкилоти ибтидоии «Пахтакор”-и Ҷамоати деҳоти Халевард ноҳия бо иштироки масъулони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ХХДТ вохурии навбатӣ баргузор гардид. Масъулин атрофи муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи пешазинтихоботии ХХДТ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ибрози андеша намуданд.