Ҷ.Балхӣ: Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Тибқи ҷадвали тасдиқшудаи КИ ХХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии «Истиқлол»-и Ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳия бо иштироки масъулони Кумитаи мазкур вохӯрӣ баргузор гардид. Масъулин атрофи мазмун ва муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барнома пешазинтихоботии ҲХДТ, инчунин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ибрози назар намуданд.