БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ ҲИЗБИ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА

АНДЕША. Талошҳо ва заҳмати ҲХДТ буд, ки дар кишвар амнияти озуқаворӣ ва раҳои аз сарбастагии коммуникатсионӣ таъмин карда шуд ва сатҳи камбизоати ба 27,5 фоиз паст гардид.

         Дар замони соҳибистиқлоли бо талоши ҲХДТ якчанд неругоҳҳои барқии калону хурд дар кишвар сохта шуда, айни замон сохтмони неругоҳи барқии Роғун давом дошта ду агрегати ба кор андохта шудааст ва Тоҷикистон аввали соли 2017-ум ба истиқлолияти  энергетики ноил шуда, таъмини барқ дар кишвар таъмин карда шудааст.

         ҲХДТ барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон, барои таъмини рушди устувор ва бомароми мамлакат, муҳайё кардан сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани имкониятҳои баробар ҷиҳати татбиқи нерӯи инсонӣ дар асоси баробари, адолат ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи инсони, ба хотири таъмини амнияти миллӣ ва кишвар,фаъолияти бомаром ва самараноки сохторҳои давлати ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, идораи равандҳои иҷтимоию сиёсӣ ва ҳимояи онҳо аз зкҳуроти номатлуби ифротгароию терроризм, қочоқи маводи мухадир, одамрабоӣ ва дигар равияҳои тафриқаангези динию мазҳабӣ, ки ҳадафи онҳо бо роҳи зурӣ ба даст овардани ҳокимият, аз байн бурдани сохти конститутсиони ва вайрон кардани тамомияти арзии давлат мебошад, дар доираи қонунҳои амаликунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста талош меварзад ва ин аст, ки аз рӯи татқиқотҳо ва хулосаи олимони ҷаҳоншиноси ҷаҳон, Тоҷикистон дар солҳои 2013-2017 дар қатори 10 давлати оромиҷаҳон дар ҷои ҳаштум, дар соли 2018 мувофиқи хулоса дар ҷои чорум ва дар соли 2019-ум  мувофиқи сулоса дар ҷои дуюм ҳамчун давлати ором қарор дорад ва барои ҳамин ман ба тарафдории ҲХДТ овоз медиҳам.

 

Ғаффоров Асомуддин, номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳисби ҲХДТ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg