
Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии Ҷамоати деҳоти «Ёл»-и Ҷамоати деҳоти ба номи Нуриддин Маҳмудови ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо фаъолону аъзои ҳизб вохӯрӣ анҷом дода шуд.
Кормандони масъули ҳизбӣ ба музокира баромада, дар бораи маъракаҳои муҳими сиёсӣ ибрози ақида намуда, мафҳум, моҳият ва иштироки бевоситаи шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсии мамлакатро, ки тавассути интихобот амалӣ мегардад, ба интихобкунандагон фаҳмонида, гуфтанд, ки интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ тавассути изҳори озодона ва ихтиёрии иродаи интихобкунандагон буда, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани он яке аз вазифаҳои муҳими давлат мебошад.