
ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати муаррифии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 ва номзадҳои он ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии деҳаи «Сомон»-и ноҳияи Шаҳритуз бо интихобкунандагон вохӯрӣ баргузор гардид.
Намояндагони ҳизбӣ дар баромади худ аз нуктаҳои муҳими Паёми навбатӣ ва моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ёдовар шуда, қайд карданд, ки замоне, ки ҲХДТ ба майдони сиёсат омад ва ҳамчун нерӯи сиёсӣ ҷиҳати рушди иқтисоди миллӣ барномарезиро оғоз намуд, он вақт иқтисодиёти кишвар ба тамоми маъно вуҷуд надошт, хазинаи давлат пурра ғорат шуда буд ва он вақт танҳо сари ба вуҷуд овардани иқтисодиёти миллӣ гап мерафт. Ҳамон вақт баъзеҳо ба ислоҳоте, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар барномаҳояш пешниҳод менамуд, хусусан ба деҳқон додани замин, барқарор кардани хоҷагии қишлоқ, рушди соҳибкории хурду миёна, паст кардани сатҳи камбизоатии мардум ва ғайра бисёр боэҳтиёт ва ҳатто дудила муносибат мекарданд.