А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ташкилоти ибтидоии «Мадади Сино» бо мақсади расонидани муҳтавои Паёми навбатӣ ва тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар доираи эълон гаштани соли 2020 «Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ» вохӯрии судманд баргузор намуданд.
Дар маҷлис масъулин қайд карданд, ки Пешвои миллат дар Паёми имсолаи худ оид ба соҳаи тандурустӣ диққати махсус дода, чунин иброз намуданд, ки “Вобаста ба ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки фаъолияти муассисаҳои тиббиро зери назорати қатъӣ қарор дода, сатҳу сифати хизматрасониро ба аҳолӣ беҳтар ба роҳ монад ва давра ба давра курсҳои бозомӯзиро дар миёни ҳамаи зинаҳои кадрии соҳа ташкил кунад”.
Дар охир вобаста масъалаҳои беҳдошти саломатӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, истифодаи захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ва беҳдошти вазъи экологӣ баррасӣ гардида, ба ҳозирин оид ба диққати асосӣ додан ба касбомӯзии муосир ва ҷалби бештари ҷавонон, аз ҷумла занону духтарон ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дастуру тавсияҳои муфид дода шуд.