БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ: ТАҚВИЯТИ ОМӮЗИШИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ДАР МАҲАЛ

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ташкилоти  ибтидоии  «Н. Махсум» -и  ҷамоати деҳоти Яккатут ҷиҳати расонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ хониши сиёсӣ  баргузор гардид.

Зимни мулоқот масъулин қайд намуданд, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон таъкид карданд, ки “Бо вуҷуди ин, мо бояд суръати ободонӣ ва бунёдкориро боз ҳам вусъат бахшем, мушкилоти ҷойдоштаро бартараф созем ва барои рушди деҳот, сайёҳӣ ва тақвияти омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоем”.

Дар охир қайд гардид, ки вобаста ба масъалаҳои баланд бардоштани таълиму тарбияи ҷавонону наврасон ва дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намудани онҳо ва ҷалб намудани занону духтарони хонашин ба илмомӯзиву ҳунаромӯзӣ ва тақвияти омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ,  омода кардани кадрҳои баландихтисоси забондон, донандаи фарҳангу таърих ва технологияҳои муосир ва дар ростои соли 2020 “Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ” ба ҷамъомадагон тавсияҳои судманд доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg