А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ташкилоти ибтидоии «Коммуналчиён» бобати расонидани муҳтавои Паёми навбатӣ ва таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ хониши сиёсӣ гузаронида шуд.
Зимни суханронӣ масъулин ибрози андеша намуда, қайд карданд, ки Пешвои миллат зимни ироаи Паём оид ба баланд бардоштани таълиму тарбия ва забономӯзии ҷавонону наврасон, ба манфиат истифода бурдан аз технологияҳои муосир, пешгирӣ аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, ҷалби занону духтарони бекору хонашин ба касбомӯзию ҳунаромӯзии кӯтоҳмуддат, баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеаи шаҳрвандӣ, дастгирии соҳибкорони Ватанӣ, омӯхтани таъриху фарҳанги пурифтихори халқи тоҷик ва то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёду азнавсозии муассиса, боғчаву кӯдакистонҳо ва дигар иншоотҳо сохта ба истифода дода шаванд.
Ҳамчунин, дар охир аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки дар ободию бунёдкорӣ, созандагӣ ва тозаву озода нигоҳ доштан аз партовҳои гуногун ва дар самти хизматрасонӣ ба аҳолӣ саъю талош намуда, кӯчаву хиёбонҳои ноҳия диққати ҷиддӣ диҳанд.