БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ-САДОҚАТ БА ХАЛҚУ ВАТАН ВА ЭҲТИРОМ БА АРЗИШҲОИ УМУМИМИЛЛИСТ

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Пешвои миллат дар Паёми имсолаи хеш оид ба омӯхтани таърихи пурифтихори халқи тоҷик ва огоҳӣ пайдо намуданд, ки ин мактаби бузурги худшиносиву худогоҳӣ мебошад ва арҷ гузоштан ба саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагонамонро омӯхтан ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ҳидоят намуд.

Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «Башардӯстон» бо иштироки намояндагони ҳизбӣ   хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Масъулин  дар баромади хеш қайд карданд, ки Сарвари давлат  зимни ироаи Паём оид ба интихобот чунин зикр намуданд, ки «Интихобот ҳамчун маъракаи муҳимми сиёсӣ аз ҳар як шаҳрванди кишвар ба хотири рушду ободии фардои мамлакат ва осоиши наслҳои оянда фарҳанги баланди сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносиро тақозо мекунад».  

Инчунин, дар охир оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи ҷавонону наврасон ва ба таври дуруст истифода бурдан аз технологияҳои муосир ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ даъват ба амал оварда шуд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg