БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ИН ЧАРОҒИ САОДАТИ МАЪНАВИСТ!

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо мақсади таблиғу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 дар ташкилоти ибтидоии «Раёсати молия» хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимни суханронии хеш роҳбарияти Кумитаи иҷроия қайд намуд, ки рӯзи 26 декабри соли равон, Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми ҷумҳурии азизамон ироа гардид.

Дар ҳар Паём Сарвари давлат соҳаи маорифро аз самтҳои афзалиятнок дониста, ҳамеша таъкид менамоянд, ки тарбияи наврасон вазифаи муқаддаси кормандони соҳа ва ҷомеа мебошад. Аз ҷумла дар Паёми навбатӣ низ, рушди соҳаи илму маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия аз мавзӯҳои меҳварӣ буд. Чунончи, Пешвои миллат изҳор доштанд: “Дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд”.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg