Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Доир ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои он ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар участкаи интихоботии № 9 оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Носири Хусрав дар ростои «Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ» бо вакили пешбаришуда аз ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар маҷлис масъулин оид ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки вазифаи сохторҳои ҳизбиро дар самти сафарбар намудани аҳли ҷомеа ба созандагию бунёдкориро ҷоннок карда, эътиқоду боварии мардумро ба ҲХДТ боз ҳам тақвият бахшида, дар интихобот барои пирӯзии номзадҳои арзанда талош варзем.