ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2020-2025, номзадҳои он ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ҳамчунин Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “Гулзор” бо интихобкунандагон вохӯрӣ доир карда шуд.
Дар назди ҳозирин намояндагони ҳизбӣ дар бораи ин ду ҳуҷҷати муҳим ба таври муфассал маълумот доданд. Баъди баромад чанде аз интихобкунандагон дар бораи барои чӣ дар рӯзи интихобот ба ҲХДТ овоз доданашонро иброз доштанд.