БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФ РАСИДАН БА ИСТИҚЛОЛИЯТИ КОМИЛИ ЭНЕРГЕТИКӢ

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Мулокоти навбатии Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор вобаста ба шарҳу тавзеҳи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 ва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии «Файзобод»-и деҳоти «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» доир гардид.

Дар мулоқот масъулин иброз доштанд, ки расидан ба Истиқлолияти комили энергетикӣ ҳамчун ҳадафи муҳимми стратегӣ пайваста дар мадди назари Пешвои миллат қарор дошта, тавре дар Паём зикр гардид, ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар 7 соли охир, яъне солҳои 2013-2019-ум 1,3 баробар (аз 16 миллиард ба зиёда аз 20 миллиард киловатт - соат) зиёд гардид. Ҳамзамон, гуфта шуд, ки дар соҳаи энергетика 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 16,1 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст. Дар доираи ин лоиҳаҳо ду агрегати нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ба кор андохта шуд. Ҳамзамон, аз сокинон дават ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати дастгирии сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва амалисозии ин ҳадафи стратегии кишвар оқилона ва сарфаву сарриштакорона истифода бурдани нерӯи барқ ва саривақт супоридани ҳаққи хизмати он саҳм гузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg