БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ РОҲБАРИ ДАВЛАТ ДАСТУР ВА НАҚШАИ КОРИИ ҲАМАИ НИҲОДҲОИ ДАВЛАТӢ МЕБОШАД

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии "Панҷ"-и Ҷамоати «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар рафти маҷлис қайд гардид, ки Паёми Роҳбари давлат дастур ва нақшаи кории ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ, ғайридавлатӣ ва тамоми сокинони ҷумҳурӣ мебошад. Ҷиҳати татбиқи нуктаҳои Паём ҳамаи ниҳодҳои дахлдор ва сокинон муваззаф мебошанд. Ҳамчунин, Пешвои миллат дар назди вакилони халқ ва фаъолони ҷомеа ҷиҳати тақвияти дастовардҳои соли гузашта як қатор вазифаҳои муҳимро гузоштааст, ки мо сохторҳои ҳизбӣ метавонем, дар иҷрои аксари ин дастурҳо саҳми бориз гузорем. Аз ҷумла, мусоидат дар ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва рушди коммуникатсияи кишвар аз роҳи сафарбар намудани ҷомеа ба хоҷагидорию кишоварзӣ ва бунёди роҳҳои маҳаллӣ ва саҳм гузоштан дар рушди устувори иқтисодӣ ва баланд гардидани сатҳи  некӯаҳволии мардум тавассути таъмини татбиқи пурраи қонунҳои миллӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg