БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САҲМИ ҲХДТ ДАР НИЗОМИ ҚОНУНГУЗОРИИ КИШВАР НАЗАРРАС АСТ

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии «Меҳнатобод» хониши сиёсӣ баргузор намуданд.

Дар вохӯрӣ масъулин н қайд карданд, ки замони ба майдони сиёсат омадани ҲХДТ низоми қонунгузории кишвар бисёр заиф гашта буд. Қонунҳои мавҷуда амал намекарданд, ҷомеаро сарсониву бенизомӣ фаро гирифта буд. Ҳуқуқи ҳамон нафаре баланд буд, ки дар дасташ яроқ буд ва ҳамон яроқи оташфишонро ба сифати қонун истифода мебурд. Дар ин росто ҲХДТ дар самти такмили қонунгузорӣ давра ба давра барномаҳои мукаммалу созанда пешниҳод намуд, ки дар натиҷа дар кишвар волоияти қонун таъмин гардида, фаъолияти қонунэҷодкунӣ шакл гирифт. Ниҳоят мо на танҳо яке аз беҳтарин низоми қонунгузорӣ дар ҷаҳонро дар кишвар роҳандозӣ кардем, балки ҳамчун ҳизби халқ воқеияти ҳаёти ҷомеаро омӯхта, ду қонуни миллиро ба тасвиб расонидем, ки имрӯз мавриди омӯзиш ва таҷрибабардории дигар кишварҳо гардидаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg