ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста ба таблиғу ташвиқи Барномаи ҲХДТ ва номзади он ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ дар ҳудуди участкаҳои интихоботии ноҳияи Темурмалик вохӯрии кормандони ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии “Маркази ҷавонон” баргузор гардид.
Сараввал роҳбарияти Кумитаи иҷроия дар бораи Паёми навбатӣ фикру андешаҳои хешро баён дошта, зикр кард, ки иброз доштани Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ нисбати сохтмон, ки яке аз соҳаи муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ, инъикоскунандаи рушди кишвар ва сатҳу сифати зиндагии мардум ба ҳисоб меравад. Сипас, моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҳизбӣ ба дарки ҳамагон расонида шуда, таъкид шуд, ки иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар маъракаи муҳими сиёсӣ масъулияти баландро тақозо мекунад.