БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ҶАВОНОН ҶОНИБДОРИ ҲИЗБЕ ҲАСТЕМ, КИ МАНФИАТИ ҶАВОНОНРО ДАСТГИРӢ МЕНАМОЯД!

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Зимни мулоқот бо толибилмони муассисаи таълимии №14-и ноҳия оид ба таблиғи Барномаи пешазинихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар самти  татбиқи сиёсати ҷавонон аз тарафи роҳбари намояндагони ТҶҶ «Созандагони Ватан» андешаронӣ гардид.

Мисли солҳои қаблӣ масъалаи ҷавонон ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳамеша дар маркази фаъолияти ҲХДТ қарор дода мешавад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҷавонон ҳамчун ба нерӯи ояндаи давлати соҳибистиқлол эътимод дошта, ба хотири аз байн бурдани мушкилоти онҳо чораҳои мушаххас меандешад. Дар ин замина,  барои  таълиму тарбияи насли наврас дар кишвар ҳама шароитҳои замонавӣ муҳайё гардидаанд. Интихоботи вакилон, ки имсол дар кишвар баргузор  мегардад, аз ҷавонон  масъулияти баланди сиёсиро талаб менамояд.

Дар охир  иброз медорем: Мо ҷавонон  ҷонибдори ҳизбе ҳастем, ки манфиати ҷавононро ҳимоя менамояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg