БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ БА МАСЪАЛАИ ҶАЛБИ ЗАНОНУ ҶАВОНОНИ СОҲИБМАЪРИФАТУ БОЛАЁҚАТ ТАВАҶҶУҲИ МАХСУС ДОРАД

Норак. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Ҷавонӣ” ҷиҳати таблиғу ташвиқи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  Барномаи пешазинтихоботии  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вохӯрӣ  доир гардид.

Аъзои  гурӯҳи тарғиботӣ дар баромади худ  иброз доштанд, ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ироа мегардад, ки дар он тамоми паҳлуҳои ҳаёти мамлакат дарҷ карда мешавад. Зимни ироаи Паём Сарвари давлат ҳамеша барои ободии Ватан дастурҳо дода, дар ин самт вазифаи ҳар як шаҳрвандро муайяну мушаххас менамоянд.

Сипас, намояндагони ҳизбӣ ба сухан баромада, иброз доштанд, ки ҲХДТ ба масъалаи ҷалби занону ҷавонон ва духтарони соҳибмаърифату болаёқат ба корҳои давлативу ҷамъиятӣ ҳамчун нерӯи тавоно ва пешбаранда таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои ҳамоҳанг намудани фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ барои ҳалли мушкилоти ҷомеа кӯшиш мекунад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg