КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 - ноҳияи Кӯшониён бо иштироки намояндагони ҳизбӣ, аз ҷумла гурӯҳи таблиғотӣ аз ҳисоби ҷавонон вобаста ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ бо сокинони деҳаҳои Дониёркул ва Навҷувони Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод вохӯрӣ доир гардид.
Ҳамзамон, дар вохӯрии мазкур хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 6,2,4 ва 3 ҳамчун аввалин интихобкунандагон иштирок доштанд.
Масъулин дар вохӯрӣ дар назди ҷамъомадагон баромад намуда, аз ҷумла қайд доштанд, ки Паёми навбатӣ тамоми соҳаҳои хоҷагии халқро дар бар гирифта, дастурамале дар зиндагии ҳар кадоми мо хоҳад буд.
Ҳамзамон иброз дошта шуд, ки ҷавонони мо давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи давлат мебошанд.