ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Хуҷақамбар”-и деҳаи Қамбарии Ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсуфоваи ноҳияи Ёвон атрофи моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ бо иштироки васеи сокинон вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар маҷлис аз ҷониби масъулин оид ба самтҳои муҳими Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар давраи солҳои 2020-2025, Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони кишвар, эълон гардидани соли 2020 барои сохторҳои ҳизбии вилояти Хатлон “Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ” интихоби дурусти номзади арзанда дар раванди маъракаи интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллӣ, истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ андешаронӣ карда шуда, сокинонро барои интихоби ояндаи дурахшони кишвар, иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳидоят намуданд.