БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБ КУН, БА СӮИ ОЯНДАИ НЕК ҚАДАМ БИМОН!

ДАНҒАРА.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз  дар деҳаи  Даштаки  ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара вохӯрии кормандони масъули ҳизбӣ оид ба таблиғу ташвиқи  Паёми навбатӣ ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ бо  интихобкунандагон ва хонандагоне, ки метавонанд бори аввал дар интихобот иштирок намоянд,   баргузор гардид.

Зимни баромад масъулин иброз доштанд, ки дар руҳияи баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандӯстивӯ хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия ёфтани ҷавонон вазифаи муҳимтарини ҳамаи сохтору мақомот ва аҳли ҷомеа мебошад,  таъкид доштанд дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии мамлакат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Инчунин, дар идомаи суҳбат оид ба   барномаи ҲХДТ сухан рафта,  қайд гардид, ки барномаи мазкур  дар давоми панҷсоли оянда  ба ҳалли яке аз масъалаҳои калидӣ ва муҳим, баланд бардоштани сатҳи даромади аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои кории воқеӣ  мусоидат намояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg