ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Суҳбату вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ташкилоти ибтидоии «Мактаби варзишии кӯдакона» оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид.
Дар суҳбат изҳор гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон қайд намуданд, ки ҷавонон давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи давлат буда, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо минбаъд низ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати Ҳукумат боқӣ мемонад. Мо бояд дар оянда низ ба оммавигардонии варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим диққати аввалиндараҷа диҳем ва барои тандурустии аҳли ҷомеа шароити боз ҳам беҳтар фароҳам оварем.
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзишро зарур аст, ки якҷо бо Кумитаи миллии олимпӣ ва федератсияҳои варзиш навъҳои мухталифи варзишро васеъ ҷорӣ карда, ҷиҳати баргузор намудани мусобиқаҳо мунтазам чораҷӯӣ кунад.