БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати таблиғу ташвиқи Паёми имсола ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳудуди ҷамоати деҳоти Сафар Амиршоеви ноҳияи Балҷувон вохӯрӣ доир карда шуд.
Дар мулоқоти мазкур намояндагони ҳизбӣ баромад карда, таъкид доштанд, ки дар соли 2020 моро чорабиниҳои муҳими сиёсӣ интизор аст. Яке аз онҳо баргузории интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ мебошад ва мо шаҳрвандонро лозим аст, ки дар ин чорабиниҳои муҳим иштироки фаъолона намуда, барои муайян кардани ояндаи давлату миллат бетараф набошем. Зеро интихобот иштироки мардумро дар идораи давлат таъмин намуда, нишонаи давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд будани Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.