АНДЕША. Перомуни интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ. Интихоботи вакилон ҳамчун раванди сиёсӣ дар ҷаҳони муосир муайян гардида, он ҳамчун механизми эътирофшудаи таъмини иштироки мардум дар ташаккул ва ё амалинамоии ҳокимияти сиёсӣ баромад мекунад. Аз ин нуқтаи назар, давлатҳо дар раванди татбиқи ин механизми муҳим дар доираи арзишҳо, меъёрҳо ва муқаррароти ташаккулёфта, ки ба анъана ва фарҳанги миллию давлатдорӣ баҳри шаклгирии низоми интихоботии худ кўшиш мекунанд.
Истиқлолияти давлатии мамлакатамон дар ҳама соҳаҳои муҳими Тоҷикистон дигаргуниҳои тоза ворид намуд.
Дар Тоҷикистон низ таҷзияи ҳокимият яке аз талаботҳои аслии ҷомеаи демократӣ буда, он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ тақсим мешавад. Дар ин аснод ҳокимияти қонугузор ҳамчун ниҳоди асосӣ ва пешбарандаи ҷомеа вазифаи муҳими рохандозӣ дорад. Органи олии ҳокимияти қонунгузор Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ду палатаи он: Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси Милли Ҷумҳурии Тоҷиистон мебошанд, ки сохтор ва вазифаи онҳо дар Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст.
Мусаллам аст, ки интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳо дар моҳи март яке аз маъракаҳои муҳими сиёсӣ дар соли равон хоҳад буд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019 интихоботи навбатии вакилон ба Маҷлиси намяондагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ санаи 1 марти соли 2020 муқаррар гардид. Санаи 27 март бошад, интихоботи аъзоёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта мешавад.
«Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, вакилони Маҷлисҳои маҳаллӣ ва ҷамоатҳо ҳуқуқи истиснои интихобкунандагон мебошад» - баён медоранд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ. «Ба шумо - шаҳрвандони азизи мамлакат муроҷиат мекунам, ки ҳангоми баргузории интихоботи навбатӣ, аз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ сар карда, то вакилони ҷамоатҳо бо дарки баланди масъулият намояндагони арзандаи худро барои ояндаи давлату миллат интихоб намоед»- таъкид намуданд Пешвои маҳбуби миллат. Интихоботи озоду шаффоф аз зуҳуротии муҳими ҷомеаи демократӣ буда, тавассути он райъи мардум нисбати шохаи қонугузорӣ ҳокимият муайян мегардад.
Асоси муносибат, низоми ташкил ва гузаронидани интихобот, ҳуқуқи шаҳрванидиро дар интихобот Конститутсия муқаррар менамояд. Чуноне, ки дар моддаи 26 Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Шаҳрванд ҳақ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилон иштирок намояд.»
Санаи 1 марти соли ҷорӣ интихоботи навбатии вакилон ба Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баргузор мегардад ва шубҳае нест, ки дар низоми демокративу таҳкими давлатдории кишвар саҳифаи наверо боз хоҳад намуд, ки беибо метавон гуфт, ки роҳ ба сўи фардори нек мебошад. Ҳизбиён, ки намояндаи асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон миёни мардум мебошанд, вазифадоранд, ки ба ҷонибдории ин ҳизби пешсафи ҷомеа ва номзадҳои он овоз диҳанд.
Шарофиддин Асомиддинзода, узви Гурўҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ.