БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

“СОЛИ СИПАРИШУДА ДАР ТАЪРИХИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ БО ДАСТОВАРДУ ПЕШРАВИҲОИ НОИЛШУДАИ ХАЛҚАМОН БА СИФАТИ БОЗ ЯК СОЛИ БОБАРОР АРЗЁБӢ МЕГАРДАД!”

АНДЕША. Рўзи 26.12.2019 Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисатон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути воситаҳои ахбори омма ба мардуми шарифи Тоҷикистон шунавонида шуд.

          Пешвои муаззами миллат дар Паёмашон изҳор намуданд, ки соли сипаришуда  дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор арзёбӣ  мегардад.

         Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардида, маҷмўи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард афзоиш ёфт.

Дар ин давра ҳаҷми умумии даромади буҷет қариб ду баробар афзуда, аз 12 миллиард сомонии соли 2013 ба 23 миллиард сомонӣ баробар шуд.

Тайи солҳои зикршуда даромади пулии аҳолӣ беш аз ду баробар ва музди меҳнати миёнаи як корманд 2,4 баробар афзоиш пайдо кард.

Сатҳи камбизоатӣ ба 27,5 фоиз паст шуда, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 75 сол боло рафт.

Ҳамаи ин рақамҳои оварда далели он аст, ки мо дар  сиёсати пулию молӣ ва рушди иқтисодии кишвар роҳи дуруст ва самаранокро пеш гирифтаем.

           Бо назардошти ин ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки соли 2020 ҷиҳати ба 87,4 миллиард сомонӣ расонидани ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти дохилӣ бо суръати афзоиши он дар сатҳи 7,8 фоиз ва дар ҳаҷми 26 миллиард сомонӣ таъмин кардани қисми даромади буҷет чораҳои зарурӣ андешад, ки ин тадбир барои то 18 фоиз паст намудани сатҳи камбизоатӣ мусоидат менамояд.

 Пешвои муаззами миллат дар паёмашон бештар ба рушди бахши хусусӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, ҷиҳати муҳайё намудани заминаи ягонаи ҳуқуқӣ барои ҳамаи иштирокчиёни фаъолияти иқтисодӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо,  дастур дода шуда, қайд гардид, ки ҷиҳати ҳимояву дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар се соли охир дар соаҳои саноати сабук, кишоварзӣ, дорусозӣ, парандапарварӣ, чорводорӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок иловатан 30 намуди имтиёзу сабукиҳо ҷорӣ карда шуданд.

Танҳо солҳои 2016-2018 маблағи умумии имтиёзҳои ҷоришуда беш аз 15 миллиард сомониро ташкил намуд, ки ин саҳми Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳибкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиву истеҳсолӣ мебошад.

         Дар ин замина ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки барои дастгирии соҳибкории хурду миёна, махсусан, дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва содироткунандагони ватанӣ ҷиҳати иҷрои вазифаҳои Фонди дастгирии соҳибкорӣ бонк таъсис дода шуда, барои фаъолияти самарабахши қарздиҳии ин бонк ҷудо кардани маблағ аз буҷети давлат ҳамасола зиёд карда шавад.

Амалишавии лоиҳаҳо дар соҳаи энергетика имкон дод, ки ҳаҷми истеҳсоли нерўи барқ дар 7 соли охир, яъне солҳои 2013-2019 - ум 1,3 баробар (аз 16 миллиард ба зиёда аз 20 миллиард киловатт - соат) афзоиш ёбад.

Дар баробари ин қайд гардид, ки танҳо дар се соли охир тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30 - солагии истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру деҳоти кишвар аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва аҳолӣ 1450 километр роҳҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва 108 пул бунёду таҷдид карда шуданд.

Сокинони сарбаланди ноҳияи Шаҳритуз низ дар ин амал саҳми сазовор доранд. Яъне то имрўз беш аз 10 км. роҳҳои дохилӣ таъмиру мумфарш карда шуда, 2 пул таҷдид карда шуд ва дар ин самт корҳои ободонӣ ки гувоҳи фаъолнокии баланди мардуми кишвар ба хотири ояндаи неки Ватани маҳбубамон ба ҳисоб мераванд, идома доранд.

Аз ин рў, дархост карда шуд, ки то ҷашни муқаддасу бузурги 30 - солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон ҳар як оила ба масъалаи таҷдиду азнавсозӣ, тозаву озода ва ободу зебо гардонидани манзили зист, кӯчаву хиёбон ва ҳамаи маҳалҳои аҳолинишин кўшиш намояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёмашон бештар дар самти пешрафти илму маориф таваҷҷуҳ намуда, қайд намуданд, ки дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд.

Соли ҷорӣ ба маблағи 500 миллион сомонӣ 130 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 32 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода супорида шуд.

Аз ин шумора 32 муассиса бо қариб 10 ҳазор ҷойи нишаст аз ҳисоби соҳибкорону шаҳрвандони саховатпешаи кишвар ба маблағи беш аз 122 миллион сомонӣ бунёд шуда, ҳиссаи онҳо дар сохтмон ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои соҳаи маориф ва дигар бахшҳо рўз ба рўз афзуда истодааст.

 Соли 2020 сохтмони 181 муассисаи таҳсилоти умумӣ дар ҳаҷми 900 миллион сомонӣ бо муҳайё намудани 54 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.

То ҷашни 30 - солагии истиқлолияти давлатӣ 128 муассисаи томактабӣ ва 338 муассисаи таҳсилоти умуӣ бунёд гардида, дар маҷмўъ, 1332 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ тармиму таҷдид карда мешавад. Аз ҷумла, дар ноҳияи Шаҳритуз бинои шуъбаи маориф ва 7 муассисаи таҳсилоти умумӣ бунёд мегардад, ки аз ин бинои шуъбаи маориф ва мактаби №34 то моҳи марти соли равон ба истифода дода шуда, иншооти боқимонда дар арафи ҷашни 30 солагӣ соли 2021 пурра ба истмифода дода мешаванд.

Чунин иқдом аз ҷониби соҳибкор Исоқов Қодир  дар деҳаи Айвоҷи Ҷамоати деҳои Ҷўра Назаров пеш гирифта шудааст, ки лоиқи таҳсин мебошад.

Дар Паём ба тозагии забони тоҷикӣ ва арҷгузорӣ ба ин забон, ки ҳастии миллат аст, таваҷҷуҳи махсус дода шуда, қайд гардид, ки мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем.

       Дар паём ба масъалаҳои варзиш низ диккати ҷиддӣ дода шуда қайд гардид, ки имрӯз дар кишвар 10 ҳазор иншооти варзиш фаъолият дошта, тайи солҳои 2011-2018 қариб 2200 иншооти соҳаи варзиш бунёд ва 1059 иншоот таъмиру таҷдид гардидааст.

           Саҳми аҳолӣ ва соҳибкорони ноҳияи Шаҳритуз низ дар бунёди иншоотҳои спортӣ хело калон аст. Дар зарфи солҳои 2018-2019  8 адад майдончаи варзишии замонавӣ  сохта ба истифода дода шуд, ки то соли 2021 то 27 адад расонида мешавад.

          Ҳамзамон бо ин, Ҳукумати мамлакат, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки дар давоми даҳ соли оянда дар ҳар як деҳа ва маҳалҳои аҳолиашон аз 100 хоҷагӣ зиёд як муассисаи томактабӣ, як толор ва як майдони варзиш бунёд карда, ба оммавӣ шудани варзиш ва солимгардонии аҳолӣ мусоидат намоянд.

 

         Дигар аз масъалаҳои муҳиме, ки ёдрас шуд баргузории интихобот ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон мебошад.

        Интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ тавассути изҳори озодона ва ихтиёрии иродаи интихобкунандагон буда, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани он яке аз вазифаҳои муҳимми давлат мебошад.

        Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019 интихоботи навбатии вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ рўзи 1 марти соли 2020 таъин шуд.

          Вобаста ба ин Пешвои муаззами миллат ба тамоми шаҳрвандони кишвар муроҷиат намуданд, ки ҳангоми баргузории интихоботи навбатӣ, аз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ сар карда, то вакилони ҷамоатҳо бо дарки баланди масъулият намояндагони арзандаи худро барои ояндаи давлату миллат интихоб намоянд.

 

        

Дар охир Пешвои муаззами миллат иброз доштанд, ки «Ман ба қудрати созандаву офарандаи мардуми сарбаланди тоҷик эътимод дорам ва як нуктаро дилпурона изҳор менамоям: мо ҳамаи иқтидору имкониятҳоро дорем, ки раванди ободкориву созандагиро беш аз пеш густариш бахшем, барои расидан ба ҳадафҳои миллиамон кӯшишу ғайрати бештар намоем, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ камбудиҳои мавҷударо бартараф кунем, рушди устувору босуботи кишвари азизамонро таъмин созем ва рўзгори ҳар як хонадони Тоҷикистонро аз имрўза беҳтар гардонем.

 

Ҷаббори  Ғаффор, узви ҲХДТ, Раиси ноҳияи Шаҳритуз.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg