БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАҲОНГИРОНИ БЕ ГӮРУ КАФАН ВА БЕВАТАН ДАР ДАҲР БИСЁРАНД

ВОКУНИШ. Воқеан ҳам қалам гоҳҳо ҳангоми тасвири бедодгариҳои бо ном одамону дар асл Иблис ва мусалмонони аҳримансиришт, ки мудом дар пайи фитнаангезӣ ва ваҳшониятанд лол мемонад. Албатта таърих гувоҳ аст, ки «Ҷаҳонгирони бе гуру кафан  дар даҳр бисёранд» аз тақдиру ҳангомаи нобасомони Чингизу Темури ланг ва Гитлер хуб огаҳӣ доранд, вале боз нияту орзую ҳаваси ҷаҳонгирӣ  ва ба сари ҳокимият омаданро дар сар доранд.

        Таърих гувоҳи ҳол аст, ки дар ҳама давру замон аз мавҷудияти бани Одам то ба ин дам чунин бадхоҳону бадкешони одамсурату  дарандатабиат буданд, ҳастанд ва зери нақшаҳои таҳиянамудаи хоҷагони хориҷиашон мехоҳанд амалҳои ноҷавонмардонаеро иҷро намоянд.

Мутаасифона баъзе курдилону каҷбиноне ба мисли Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони дар зери фишори хоҷагони хориҷиашон монда пешравиҳои кишвари азизамонро нодида гирифта кӯшиш менамоянд, ки ба сулҳу осоиштагии Тоҷикистони азизамон исён биёранд, тифлеро аз падар, модареро аз фарзанд ҷудо намоянд.

     Ҳодисаи навбатие, ки шаби 06.11.2019  гуруҳи мусаллаҳи  иборат аз 20 нафараи номаълуми ниқобдор, бо истифода аз силоҳи оташфишон  ба дидбонгоҳи  сарҳадии №4-и  «Ишқобод»-и  қисми ҳарбии отряди  сарҳадии «Султонобод» ҳуҷум намуданд, зимни ҳамлаи мусаллаҳона онҳо ду нафар, яке сарбози қушунҳои сарҳадӣ ва як нафар корманди Вазорати корҳои дохилиро, ки дар вақти адои хизмат буданд ба қатл расониданд, ин амали ноҷавонмардонаи ҳаммаслакони Муҳиддин Кабирӣ ва пайравони бо ном Паймони Миллатанд, ки имрӯз ба тенҷию аммонии кишвари осуда ҳасад бурда мехоҳанд бо чунин амалҳои ваҳшиёнаи худ оромии Ватани азизамонро бар ҳам зананд, вале ғофил аз он ҳастанд, ки ҳеҷ бадхоҳи халқ ба мақсад намерасад ва мардуми бедордилу сулҳхоҳи тоҷик дигар намегузорад ҳар манфиатҷӯи худпараст ва курдилу нотавонбин ба мисли наҳзатиҳои лошахур ба сулҳу оромӣ ва ваҳдати комили мо мардуми Тоҷикистон халал ворид созад. Чунки миллати тоҷик бори гарони ҷанги шарвандиро дидаву то ба ҳол онро фаромӯш накардааст ва хуб ҳам дар хотир дорад, ки ҳама бадбахтиро солҳои 1990-1992 маҳз ҳамин наҳзатиҳои фитнаангез зери парчами Ислом ба миён оварданд ва ҳазорон хонаро ба коми оташ ва ҳазорон оилаҳоро бесарпаноҳ гардониданд.    

      Родмардону ҷавонони  ин сарзамини биҳиштосо  бояд ҳамеша баҳри ҳимояи Ватани аҷдодӣ, зану фарзандон ва хонаву дари хеш  омодаи ҳифз ва ҷонфидои сарзамини хеш бошанд.

Мирзобаротзода Салоҳиддин, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg