БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ – РАҲНАМОӢ МО ҶАВОНОН

АНДЕША. Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад, ки дастурамалест аз ҳадафҳои олии кишвар, ки ҳар як шаҳрвандро ба фаъолияти самарабахш ҳидоят мекунад.

         Дар Паёми Пешвои миллат ҳар як сухане, ки иброз мегардад як ҷаҳон маънӣ дошта, талошҳои пайваста ва садоқати Сарвари давлатро баҳри рушду тараққиёти Тоҷикистони азиз нишон медиҳад. Масъалагузориҳои Паём нисбати ҷавонону наврасон дастурамалӣ мукамал мебошад, ки Пешвои миллат мо ҷавонону наврасонро ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба мақоми Сарвари давлат интихоб гардиданашон пайваста таъкид менамоянд, ки бояд ҷавонон дорои дониш, малака ва маҳорат бошанд.

         Дар пешрафти Тоҷикистон соҳаи илму маориф нақши муҳим доранд, зеро дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозад. Пешвои маорифпарвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса дошта ғамхориҳои пайвастаи сарвари давлат ба соҳаи маориф бештар аст ва сол то сол муваффақиятҳои нав ба нав дар ин самт дида мешавад.

          Роҳбари давлат дар Паёми худ 26-уми декабри соли 2018 доир ба рушди соҳаи маориф суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки «Мо ба соҳаи илму маориф эътибори аввалиндараҷа дода, ислоҳотро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бомаром идома медиҳем ва мушкилоти мавҷударо давра ба давра бартараф менамоем»

          Таваҷҷухи Ҳукумати кишвар ба қишри фаъоли ҷомеа   яъне ҷавонон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта  зимни ироаи  Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар 22.12.2016 соли 2017 «Соли Ҷавонон» эълон карда шуд. Ин иқдом нишони аз дастгирӣ ва таваҷҷуҳу ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат нисбати ҷавонон аст. 26-уми декабри соли 2018 вобаста ба масъалаи ҷавонон Пешвои миллат изҳори хушнуди намуданд, ки  «Ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистон мебошанд». Пешвои миллат зимни ироаи Паём иброз намуданд, ки «Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзишмандашро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар  эҳсос менамоем. Ман ба ҷавонони кишвар барои дастгириашон аз сиёсати давлату Ҳукумат ва хизмати содиқонаашон миннатдории самимӣ баён мекунем». Мо ҳамчун ҷавонони саодатманди диёр ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои миллат ва сазовор шудан ба эътимоди ӯ пайваста кушиш намуда, тамоми имконияҳои ҳудро баҳри созандагиву офарандагӣ, пойдор мондани сулҳу ваҳдати кишвар ва рушди бомароми Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми шоиста гузорем.

Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолааш ҷавонону наврасонро ба азхудкунии донишҳои замонавӣ, ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ инчунин таваҷҷуҳи ҷавонону наврасон ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ бештар ташвиқ намуда вобаста ба ин пешниҳод намуданд, ки «Ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техники насли наврас солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фаннҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шавад». Ҳар як нуқтаи Паём фардои дурахшони мо ҷавонон ба ҳисоб рафта, дар амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии мамлакат, бахусус ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар аз самими қалб ҳиссагузор бошем. Ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии кишвар, бахусус дар тадбиқу амалигардонии чорабиниҳои «Стратегияи миллӣ рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мусоидат намоем.

Паём Президенти кишвар раҳнамоӣ имрӯзу фардои мо ҷавонон ва таҳкимбахши сиёсати давлатии ҷавонон мебошад. Ҳар як шаҳрванди кишварро зарур аст, Паёми Пешвои миллатро сармашқи кори худ намуда, баҳри пешрафти минбаъдаи Ватани азизу маҳбубамон талош намоянд.  

Дилноза ШОЕВА,  мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлили Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg