АНДЕША. Ба барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шинос гардида, бори дигар эҳсос намудам, ки ин ҳизб воқеан ҳизби мардумист ва фаъолияти он дар фазои сиёсии кишвар ба беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандон нигаронида шудааст. Ин ҳизби сиёсӣ дар раванди муттаҳидсозии мардуми Тоҷикистон ва суботи комил дар ҷомеа дар муддати 25 соли арзи ҳастӣ намуданаш хеле роҳи пурпечутоб ва пур аз санҷишу таҳлилро тай кардааст. Чун барномаи амали ин ҳизб набзи зиндагии мардум ва ободии кишвар аст, аз ҷониби аҳли ҷомеа ба хушнудӣ пазируфта шуд.
Барномаи амали Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барномаи фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки имрўз дар натиҷаи тадбирандешӣ ва ҳамкориҳои дуру наздик бо соири давлатҳои ҷаҳон кишвари мо рўз аз рўз ободу зебо гардида истодааст.
Агар дар масъалаи ҳалли мушкилоти аввалиндараҷаи мардум ибрози назар намоем, дар аввали солҳои соҳибистиқлолӣ дар баробари сулҳу суботи комил норасоии неруи барқ барои мардуми мо хеле таъсири манфӣ расонида буд. Аниқтараш мардум аз бебарқӣ дар рустоҳои дур азият мекашиданд. Кишвари мо дар миёни 15 ҷумҳурии бародарӣ ягона давлатест, ки баъди пош хурдани Ҳукумати Шўравӣ барои қонеъ намудани талаботи шаҳрвандон ва мусоидат ба зиндагии шоистаи мардум дар пайи ҳалли мушкилоти бебарқӣ дар мамлакат гардид.
Имрўз бо дастгирию раҳнамоии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бебарқӣ дар мамлакат афсона шудааст. Гарчанде дар минтақаҳои дурдаст бо сабаби набудани хатҳои барқ дар ин масир мушкилот вуҷуд дорад, вале ин мушкилоти муваққатист. Солҳои наздик тамоми манотиқи кишвар бо назардошти имконоти истеҳсоли неруи барқи ватанӣ ҳатман аз ин мушкилот халос мешаванд.
Умуман он масъулияте, ки дар назди ҳизбиён бобати таъмини шароити арзандаи зиндагӣ барои сокинони мамлакат вогузор гардидааст, давра ба давра ҳалли мусбии худро меёбанд.
Бо назардошти масъулияти давлатдорию давлатсозӣ ва рушди минбаъдаи кишвари азизамон ман ва аҳли оилаамон дар рўзи баргузории интихобот ҳатман ба тарафдории номзадҳои пешниҳодгардидаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон овоз медиҳам ва дигаронро низ ба дастгирии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон даъват менамоям.
Шарифов Саттор, аъзои фаъоли ҲХДТ, номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин