БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҚТЕ ХУДИ МУАЛЛИМ НАМЕОМӮЗАД, АЗ ХОНАНДА ҶОЙИ ГИЛЛА НЕСТ!

АНДЕША. Дар ҳошияи Паём. “...ҳар як фарди бедордил бояд барои ғанӣ гардонидани забони модарӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ кӯшиш кунад, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа диҳад ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд.

     Чунки тибқи таҳлилҳо вақтҳои охир дур шудан аз китобхонӣ яке аз масъалаҳои нигаронкунанда дар байни хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорони онҳо мебошад”, -  омадааст дар Паёми солонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки чунин ҳолат  яъне бетаваҷҷуҳи ба хондани асарҳои бадеӣ дар аксари муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷой дорад.

    Баъди ироаи Паём бо мақсади фаҳмонида додани дастуру супоришҳои  Пешвои миллат, ки дар ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз баён гардидааст, дар якчанд муассисаи таълимӣ, аз ҷумла Гимназияи Ховалинг, МТМУ № 3 ва 6 бо омӯзгорону хонандагони синфҳои болоӣ вохӯриҳо доир намуда, оид ба омӯзиши асарҳои бадеӣ, фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва илмҳои дақиқ, иштирок дар озмунҳои фаннӣ, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, масъалаи забономӯзӣ суҳбатҳо доштем.

     Вохӯриро ба хонандагон бо чунин суол оғоз намудем: “Кӣ дар давоми 10 -11 соли таҳсил чанд асари бадеӣ мутолиа намудааст”? Мутаассифона, баъди додани савол дар ҳар се муассисаи таълимӣ маълум гардид, ки 99, 9 дарсади хонандагон ягон асари бадеӣ нахондаанд. Ҳол он ки дар ҳамаи муассисаҳо бо як ”ифтихори баланд” гуфтанд, ки китобхона амал мекунад. Гарчанде медонанд, ки ин китобхонаҳо бо ном  китобхонаанд   ва мудирони онҳо ба хотири гирифтани маош ба ин кор таъин гардидаанд, барои беҳтар намудани ҳалати хизматрасонии китоб на аз тарафи шуъбаи маориф ва на маъмурияти муассисаҳои таълимӣ чорае андешида намешавад.

       Чунин вохӯриҳои нигаронкунанда касро ба чунин андеша водор мекунад:

       Чаро мардум рӯз то рӯз аз хондани китоб дурӣ меҷӯянд?

   Ҳол он ки шоир фармуда:

Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,

Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест

Ҳар лаҳза зи ӯ ба гӯшаи танҳоӣ

Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест.

    Аз китобхонӣ дур шудани хурду калон дар як солу ду соли охир ба амал наомадааст. Ин ҳолат даҳсолаҳост, ки давом дорад. Баъди пайдо шудани телефонҳои мобелӣ, интернет   боз ҳам суръати тоза касб намудааст. Яъне китобхонӣ дар байни хонандагон ва калонсолон ба фаромӯшӣ рафт.  Таҳлили ҳолати ҷойдошта доманадор аст ва онро ба таври васеъ, бо ҷузъиёташ   таҳлил намудан мушкил аст. Дар ин ҷо мо чанд сабабро меорем, ки онҳо метавонанд шавқу ҳаваси хонандаро ба хондани китоб бедор намояд:

    1.Падару модар худ китобхону китобдӯст бошанд ва нисбати фарзандон ҳам дар хондани китоб  масъулияти баланд ҳис намоянд.

2. Барои фазандони хурдсолашон  шеъру афсона, ҳикоя, чистон, латифа, тезгӯяк ва дигар жанрҳои адабиро  қироат намоянд.  

3. Аз синни 5 -  6 солагӣ ба онҳо савод омӯзанд ва китоби кӯдакона харидорӣ намоянд.

4. Дар ибтидо ҳар як китобро ба онҳо  якҷоя мутолиа намоянд. Хуб мебуд, барои хонандагони хурдсол китоби афсона бо суратҳои ранга  харидорӣ гардад.

5.  Дар хона китобҳои харида чунон гузошта шавад, ки кӯдак тавонад, мустақилона аз онҳо истифода намояд.

6. Дар синну соли мактабхонӣ кӯдакро ба китобхона бурда, ӯро барои аз он ҷо гирифтани китоб шинос намояд. Ин ва дигар ҳолатҳо имкон фароҳам меоваранд, ки кӯдак дар оила нисбати хондани асари бадеӣ шавқу ҳавас пайдо намояд.

     Дар хондани китоб, алалхусус асарҳои бадеӣ омӯзгорон ва махсусан омӯзгори фанни забону адабиёти тоҷик ва забонҳои хориҷӣ масъулияти баландро ба душ доранд.

     Омӯзгор метавонад шавқу ҳаваси китобхониро дар хонанда зиёд намояд ва ё хомӯш кунад.

Омӯзгоре, ки худ асари бадеӣ мутолиа менамояд, хонандагонро ҳам барои хондани асарҳои бадеӣ талқин менамояд. Ва баракс муаллиме, ки худ китоб намехонад парво надорад, ки  хонандааш китоби бадеӣ мехонад ё не. Аз он ки дар муассисаҳои таълимии номбурда хонандагон дар давоми 10 – 11 сол ақалан як китоби бадеӣ нахондаанд, чунин хулоса кардан мумкин аст, ки худи омӯзгорон ҳам ба хондани китоб шавқу ҳавас надоранд.

    Як роҳи осони хондани асарҳои бадеӣ аз рӯи он асар навиштани кори хаттӣ (иншо, иншои хонагӣ, нақли хаттӣ ва дигарҳо)  мебошад. Ба шарте ки омӯзгор то гирифтани кори хаттӣ ба хонандагон супориш диҳад, ки он асарро пурра мутолиа намоянд.  Вале чунин омӯзгоре, ки ин усули таълимро истифода намояд, хеле кам дида мешавад.  

    Изҳори боварӣ менамоем, ки баъди мутолиаи Паём дар асоси  дастуру супоришҳои  аз тарафи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баёнёфта ҳам падару модарон ва ҳам омӯзгорон барои бедор кардани шавқу ҳаваси китобхонии хонандагон аз тамоми шароиту имкониятҳо самаранок истифода намуда, фарзандони китобхону китобдӯст,  боодобу хушахлоқ, ватандӯсту ватанпарвар,  созандаю бунёдкор, ҷойгирони сазовори худро ба воя мерасонанд.

 

 

       Саидҷалол Сатторов, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg