БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЧАРО МАН БА ҲХДТ ОВОЗ МЕДИҲАМ?

АНДЕША. Таърихи олами мутамаддин гувоҳаст, ки миллати баргузидаву сарафрози  тоҷик авлодони Ҷамшеду Куруши бузург ҳеҷ гоҳ носипосу кӯрнамак ва бетарбиятнадида набуданду нестанд ва намешаванд. Пас ҳамватанон ба ҷонибдории ҳизбе, ки орзуи зиёда аз ҳазорсолаи аҷдодонамонро амалӣ сохт, давлати миллии навинаморо ташкил карду ба камоли 30-солагӣ расонид ва миллату Ватанамро аз нестии аниқ раҳониду зиндагии шоистаи халқамро таъмин кардасту мекунад. Овоз надиҳам? Хурду бузурги Тоҷикистон ва ҳавохоҳони хориҷӣ, башарияти пешқадам ба хубӣ медонанд, ки ягона ҳизбе, ки  сулҳу  салоҳро дар мамлакат қатъина таъмин карду барои халқи тоҷик зиндагии шоистаро  муҳайё сохт ва пушту паноҳи давлат аст, маҳз ҳамин  ҳизби ҲХДТ бо роҳбарии сарвари муаззамаш яке аз дурахшонтарин чеҳраҳои сиёсии ҷаҳони муосир, ҳамин ислоби нобу рамзи адолату инсоф  Пешвои миллат, Президенти  кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аст.  Маҳз ҳамин ҳизб ва роҳбари  муаззами он дар андаке кам аз 30 бо тамоми рукунҳояш як давлатии ҳуқуқбунёди демократии бо суръат инкишофёбанда, иҷтимоиро бо ивази ҷонбозиҳо  сохта, обруву эътибори таърихамон бузурги миллати тоҷикро аз нав алорағми муғризони сиёсиву хоинони давлату миллати тоҷик зинда карданд. Пешравиҳои азими иқтисодӣ, ҳалли  мушкилоти  амниятӣ, озуқаворӣ, баровардани давлат аз бумбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, ва оғози босуръати  саноаткунонии кишвар кулли дӯстони  миллати тоҷикро  шоду душманонашро кӯру талхакаф кардааст.

 

Абдуллоев Амонулло, номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фархор

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg