
Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Порвор»-и Ҷамоати деҳоти ба номи Нуриддин Маҳмудови ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо сокинон вохӯрӣ анҷом дода шуд.
Намояндагони ҳизбӣ ба сухан баромада, дар бораи таърихи пурифтихори халқи тоҷик, худшиносӣ, худогоҳӣ ва садоқат ба Ватан ибрози назар намуда, қайд намуданд, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ таъкид бар он доштанд, ки донистани таъриху шинохтани миллати худ, ки будани аҷдоду гузаштагон ва арҷ гузоштан ба он дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон гардонидааст, барои ҳар як шаҳрванди кишвар муҳиму зарурист.
Инчунин, масъулин дар идомаи суҳбат афзуданд, ки ҷавобан ба ин суханони арзишноки Пешвои миллат ҳар яки мо сокинони мамлакатро мебояд, ки пайваста ба омӯзиши таърихи хеш машғул шавему бо насли ориёӣ, яъне ориёитабор буданамон ифтихор намоем.