БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ РУШДУ ИНКИШОФИ СИЁСИЮ ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОИЮ ФАРҲАНГИИ КИШВАРРО МУАЙЯН МЕСОЗАД

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо мақсади таблиғу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи сил» хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимнан масъулин дар рафти чорабинӣ баромад намуда, иброз доштанд, ки Паёми Пешвои миллат  ба сифати як ҳуҷҷати муҳиме, ки дурнамои яксолаи рушду инкишофи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишварро муайян месозад, боиси дастгирӣ ва омӯзиши пайвастаи ҷомеаи кишвар қарор гирифтааст. Ҳар кадом аз бандҳои ин Паём, ки дар навбати аввал ба кулли ҷомеа нигаронида шудааст, дорои муҳтавои амиқи сиёсиву тарбиявӣ буда, ҳамзамон ба соҳаҳои муҳими мамлакат, монанди илм, маорифу тандурустӣ низ равона карда шудааст. Агар ҳар як шаҳрванди кишвар барои иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ки аз Паёмҳояшон бармеояд, бо дарки масъулияти баланд ва бо истифода аз воситаву имкониятҳои мавҷуда талош намоянд, дар муддати начандон тӯлонӣ Ватани мо воқеан ҳам ба як кишвари афсонавию биҳиштӣ мубаддал мегардад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg