Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади вусъат бахшидан ба ободонию сабзкорӣ ва ободу хуррам гардонидани ноҳияи Носири Хусрав бо мақсади ташвиқу тарғиби баланд бардоштани маърифати зебоипарастӣ, бедор намудани завқи мардум ба маърифати зебоипарастӣ бахшида ба сазовор иститқбол гирифтани 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ва “ҲХДТ муттаҳид месозад!” ҳашари умуминоҳиявии кабудизоркунӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ зиёда аз ҳазор дона ниҳоли арча ва 1500 адад гулҳои лола ва садбарг шинониданд, қи дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ нашъунамо хоҳанд ёфт.
Корҳои кабудизоркунию шинонидани гулҳои рангоранг ва дарахтони ороишию сояафкан дар ҳамаи деҳаю маҳаллаҳо низ рафта истодааст.