БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

 ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста ба таблиғу ташвиқи Барномаи ҲХДТ ва Паёми навбатии Пешвои миллат дар ташкилоти ибтидоии «А. Тошмуҳамедов»-и ҷамоати шаҳраки Обикиики ноҳияи Хуросон бо иштироки кормандони масъули ҳизбӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар суҳбат масъулин дар бораи нуктаҳои асосии Паёми имсола фикру андешаҳои хешро баён дошта, гуфтанд, ки соле, ки сипарӣ гардид, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад.

Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Сипас, моҳияти Барномаи  пешазинтихоботии ҲХДТ ба дарки сокинон расонида шуда, онҳо бар он даъват гардиданд, ки амалигардонии ҳадафҳои созандаи ҲХДТ баҳри таъмини зиндагии шоиста  ва  пойдории сулҳу субот дар кишвар мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg