ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар вохӯрии доирнамудаи аъзои Ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи ҲХДТ самтҳои муҳимтарини рушди мамлакат дар солҳои 2020 - 2025, номзадҳои он ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва Паёми Пешвои миллат дар ташкилоти ибтидоии “Раёсати молия” ҷамъомадагон аз баромади масъулин дар бораи дастуру супоришҳое, ки аз ин ду ҳуҷҷати ояндасоз бармеояд, маълумотҳои зарурӣ пайдо намуданд.
Дар баромад масъулин дар бораи интихоботи дарпешистода, ҳуқуқ ва вазифаҳои интихобкунанда, ҷонибдорӣ аз номзадҳо ба вакилӣ, моҳияти маъракаи муҳими сиёсӣ доштани интихобот, дастуру супоришҳое, ки дар Паём аз ҷониби Пешвои миллат баён гардидааст, сухан рафт.