БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҚОНУНИ ТАНЗИМ ПЕШИ РОҲИ ХУРОФОТУ ЗИЁДАРАВИРО ГИРИФТ

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар доираи «Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ» дар ташкилоти ибтидоии «Нури шарқ» хониши сиёсӣ масъулин оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, қайд карданд, ки дар маркази ҳадафу мақсадҳои ин қонун ҳифзи фарҳангу маънавиёти миллӣ қарор дорад. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, яке аз сабабҳои қабули қонуни мазкур аз он иборат буд, ки бо пайдо шудани равияҳои мазҳабии дорои хусусиятҳои ифротӣ ва вусъат гирифтани тарғиботи зарарнок дар кишвар зуҳуроти бегонапарастиву тақлид ва хатар ба забону фарҳанг, бахусус расму оинҳои миллӣ ва ҳатто тарзи либоспӯшии мардуми мо, аз ҷумла занон, то рафт қувват гирифта, таассубу зиёдаравӣ ҳангоми баргузории як қатор маросиму маъракаҳо ба ҳукми анъана даромада буд. Ҳамчунин, аз аъзо ва ҷонибдорони ҳизб даъват ба амал оварда шуд, ки вобаста ба имконият оилаҳои наёзманд ва ятимону бепарасторонро дастгирӣ намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg