ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ташкилоти ибтидоии «Сулҳ»-и деҳаи Маданияти Ҷамоати деҳоти «20 - солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» вохӯрӣ баргузор намуданд.
Дар ибтидо масъулин зарурият ва аҳамияти риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро шарҳ доданд. Сипас, масъулин роҷеъ ба сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ ва пардохти саривақтии маблағи он, самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб заминҳои киштбоб ва саҳм гузоштан дар корҳои ободонию хуррамгардонӣ ба истиқболи сазовори ҷашни пурифтихори миллат 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ сухан ронданд. Дар охир сокинон аз баргузории мулоқот ба ҳиёзбиён изҳори миннатдорӣ баён карда, ваъда доданд, ки ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол менамоянд.