ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилае ироа гардид, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ба ояндаи ободу осуда некбинона бо қадамҳои устувор пеш меравад.
Дар доираи баргузории суҳбату вохӯриҳо дар ташкилоти ибтидоии “Хӯҷаи Хлоз” таҳти унвони “Паём роҳнамоми миллат” вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар Паёми навбатӣ аз устуворона пешрафт кардани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегӣ башорат дода шуда, таъкидҳои судманд баён карда шуд. Бобати расонидани нуктаву самтҳои асосӣ ва мақсаду муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ноҳияи Панҷ қарорҳои дахлдор қабул гардида, дар ташкилоту муассисаҳои ноҳия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо иштироки кормандону масъулон, сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, фаъолон ва ҷонибдорони ҳизб суҳбату вохӯриҳо доир гардида истодаанд.