НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Таъмиргар” оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми имсола ва тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҳизбӣ вохӯрӣ доир гардид.
Дар маҷлис намояндагони ҳизбӣ дар бораи нуктаҳои асосии Паёми навбатӣ ва моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ баромад намуда, қайд карданд, ки бо шарофати саҳми сазовори ҲХДТ суботи макроиқтисодӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар таъмин гардида, дар давраи татбиқи Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2015-2020 маҷмуи маҳсулоти дохилӣ қариб 2 маротиба афзоиш ёфт. Даромадҳои пулии аҳолӣ 1,9 ва музди меҳнати миёнаи як корманд 1,8 маротиба зиёд шуд. Дар натиҷа сатҳи камбизоатии аҳолӣ дар кишвар аз 80%-и 25 сол пеш ба соли 2011 то 41% ва ба соли 2019 то 27,5% коҳиш дода шуд. Дар давраи солҳои 2020-2025 бошад ҲХДТ бо назардошти ҳифзи дастовардҳои қаблӣ дар самти гузариш ба марҳилаи нави рушди иқтисоди кишвар ва баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии мардум як қатор тадбирҳоро рӯи даст гирифтааст.