БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БИЁЕД, ДАР САМАРАНОК ИСТИФОДА БУРДАНИ ҚУВВАИ БАРҚ БЕТАРАФ НАБОШЕМ!

НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Дар ташкилоти ибтидоии “Нурофарон” оид ба таблиғу ташвиқи Паёми имсола ва  Барномаи пешазинтихоботии  ҲХДТ мулоқот доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур намояндагони ҳизбӣ дар бораи нуктаҳои муҳими Паём фикру мулоҳизаронӣ намуда, гуфтанд, ки амалишавии лоиҳаҳо дар соҳаи энергетика имкон дод, ки ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар 7 соли охир, яъне солҳои 2013-2019 - ум 1,3 баробар (аз 16 миллиард ба зиёда аз 20 миллиард киловатт - соат) афзоиш ёбад.

Дар робита ба ин масъала, Ҳукумати мамлакат вазифадор карда шуд, ки ба истифодаи самаранок ва сарфакоронаи нерӯи барқ тавассути баҳрабардорӣ аз технологияҳои каммасраф, бунёди иқтидорҳо ва шабакаҳои нави барқ, таҷдиду барқарорсозии шабакаҳои мавҷуда, ҷорӣ намудани низоми муосири назорату баҳисобгирӣ ва коҳиш додани талафоти нерӯи барқ тадбирҳои зарурӣ андешад.

Дар охир ҷамъомадагон андешарониҳои судмандро, аз ҷумла  дастуру супоришҳои Роҳбари давлатро  бо хушнудӣ пазируфта, чанде аз онҳо пешниҳод намуданд, ки мо кормандони соҳаи энергетика баҳри самаранок истифода бурдани нерӯи барқ дар байни ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ хоҳем монд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg