БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИФОДАИ САРФАҶӮЁНАИ НЕРӮИ БАРҚ БА МАНФИАТИ МОСТ!

НОРАК. Дар доираи Соли шинохтибештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Барқчиён” ҷиҳати  таблиғу ташвиқи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  Барномаи пешазинтихоботии  ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.

Дар мулоқоти мазкур роҳбарияти Кумитаи иҷроия  дар баромади худ, қайд намуданд, ки бо талошҳои Ҳукумати мамлакат дар панҷ соли охир бо ширкатҳои сармоягузории хориҷӣ ва ватанӣ 14 созишномаи сармоягузорӣ ҷиҳати ҷалби сармояи мустақим ба маблағи беш аз 14 миллиард сомонӣ ба имзо расонида шудааст, ки бо татбиқи онҳо 20 корхонаи нави истеҳсолӣ бунёд карда мешавад. Ҳоло дар соҳаи энергетика 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 16,1 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.Дар доираи ин лоиҳаҳо мо ду агрегати нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба кор андохтем.

Соли 2019 таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Қайроққум» ба маблағи 5,5 миллиард сомонӣ оғоз гардида, татбиқи чунин лоиҳа дар нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд” ба маблағи 1,3 миллиард сомонӣ идома дорад. Сипас, мавсуф дар идомаи суҳбат моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ-ро ба дарки  ҳамагон расонида, таъкид намуд, ки татбиқи  ҳадафҳои созандаи ҳизб вазифаи ҷонии ҳар яки мо мебошад ва моро зарур аст баҳри пешрафту шукуфоии Ватани  азизамон-Тоҷикистон  дар  вазифаҳои хизматиамон содиқ  бошем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg