БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЛИМИИ ҶОМЕА ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Маркази саломатии кӯдакона”-и шаҳри Кӯлоб бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ мулоқот оид ба Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоботи парлумонӣ доир карда шуд.

Зимни вохӯрӣ намояндагони ҳизбӣ баромад карда, баён доштанд, ки дар Паёми Пешвои миллат ҳар як сухане, ки иброз мегардад як ҷаҳон маънӣ дошта, талошҳои пайваста ва садоқати Сарвари давлатро баҳри рушду тараққиёти Тоҷикистони азиз нишон медиҳад. Масъалагузориҳои Паём нисбати ҷавонону наврасон дастурамалӣ мукаммал мебошад, ки Пешвои миллат ҷавонону наврасонро ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба мақоми Сарвари давлат интихоб гардиданашон пайваста таъкид менамоянд, ки бояд ҷавонон дорои дониш, малака ва маҳорат бошанд ва ин маҳорату малакаро барои ободии Ватан равона намоянд.

Иштирокчиёни ҷаласа дар охир изҳор доштанд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳнамоеро мемонад, ки фаъолияти минбаъдаи хешро боз ҳам такмил диҳем ва баҳри солимии ҷомеа ва барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат саҳмгузорӣ хоҳем кард.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg