КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ин навбат дар ташкилоти ибтидоии "Варзиш" оид ба Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муаррифӣ намудани Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар ин вохӯрӣ роҳбари намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар шаҳри Кӯлоб ба сухан баромада, қайд кард, ки Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими хоҷагии халқро дар бар гирифта, ҷомеаро барои анҷоми корҳои неку созанда ҳидояткунанда мебошад.
Дар охир иштирокдорони маҷлис қайд намуданд, ки ҳамкориро бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб пурзӯр намуда, ҷиҳати пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ ва ташаккули арзишҳои ахлоқиву маънавии ҷавонон саҳмгузорӣ менамоянд.