БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ МАСЪУЛИЯТРО БАЛАНД МЕСОЗАД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Вобаста шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоботҳои дарпешистода  дар ташкилоти ибтидоии "Ояндасоз"  бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Намояндагони ҳизбӣ дар суҳбат зикр намуданд, ки  боиси ифтихор ва сарфарозист, ки  ҳамасола дар Паёми Пешвои миллат ба масъалаи рушди соҳаи маориф ва боло бурдани дастоварду нишондодҳои он бо мақсади расидан ба меъёрҳои ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Инчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон зикр намуданд, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ 128 муассисаи томактабӣ ва 338 муассисаи таҳсилоти умумӣ бунёд гардида, дар маҷмӯъ, 132 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ тармиму таҷдид карда  мешавад.

Дар охир иштирокдорон ваъда доданд, ки дастуру супоришҳои Сарвари давлатро, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, сармашқи кори худ дониста, дар кору пайкори ҳамарӯзаашон истифода мебаранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg