БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ НАСЛИ НАВРАС ДАР ҶОМЕА

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони  Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноӽияи Восеъ дар ташкилоти ибтидоии деӽаи “Саъдулло Шариф”-и ҷамоати деӽоти Гулистон мулоқот  доир намуданд.

Дар вохӯрӣ роӽбарияти Кумитаи иҷроия дар назди ӽозирин баромад намуда, оид ба вазъи таълиму тарбия дар муассиаҳои таълимии деҳот, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии насли наврас, махсусан хонандагони муассисаҳои таълимӣ, дастовард ва камбудиҳои ҷойдоштаи соҳаи маориф суханронӣ намуд.

Ӽамзамон,  мавсуф аз дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии насли наврас ёдовар гардида, афзуд, ки ҳидоятҳои Пешвои миллат ҳар яки моро водор менамояд, ки ҷиҳати баланд бардоштани маърифати илмӣ, ахлоқӣ ва ҳуқуқии насли наврас, тарбияи ин табақаи ояндасоз дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ва пеш аз ҳама дӯст доштани муқаддасот ва арзишҳои миллӣ тамоми қувваю воситаҳои хешро сафарбар намоем. Инчунин қайд намуд, ки дар ин самт саҳми омӯзгорону кормандони соҳаи маориф хеле бузург аст. Чунки ҷомеаро дар ҳама давру замон бе иштирок ва мавқеи намояндагони илму маърифат, олимон, аҳли адаб, омӯзгорону устодон ва кормандони соҳаи маориф тасаввур намудан ғайриимкон аст.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg