БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём роҳнамо ба сӯи фардост

АНДЕША. Паёми ҳамасолаи Президенти кишвар ҳуҷҷати расмӣ ва барномавӣ буда, ойинаи равшани рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Тоҷикистон, барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо ва роҳнамои пешрафти устувори ҷомеа ба сӯи ояндаи дурахшон мебошад.  Аз ин рӯ, тамоми мардуми кишвар мазмуну муҳтавои онро барномаи амали худ медонанд ва дар асоси он ба корҳои ободонӣ, созандагӣ, беҳбуд бахшидани сатҳу сифати зиндагии хеш фаъолият мекунанд.

      Пешрафт ва рушди ҳар як давлат ба иқтисодиёти он вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси маззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироаи Паёми худро аз рафти иҷрои барномаи пешазинтихоботии худ, ки  аз соли 2013 то инҷонибро дар бар мегирад, мавриди таҳлил қарор доданд. Қайд намуданд, ки рушди иқтисодиёти кишвар дар ҳафт соли охир ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз  45, 6 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард афзоиш ёфт. Ҳаҷми умумии даромади буҷет қариб ду баробар афзуда, аз 12 миллиард сомонии соли 2013 ба 23 миллиард сомонӣ баробар шуд. Даромади пулии аҳолӣ дар ин давра ду баробар ва музди миёнаи меҳнати як корманд 2,4 баробар афзоиш ёфт.  Сатҳи камбизоатӣ 27, 5 фоиз кам шуда, дарозумрии одамон то 75 сол боло рафт.  

       Саҳми бахши хусусӣ дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ соли 2013   54 фоиз ва соли 2019 бошад 70 фоизро ташкил дод.

    Пешвои миллат бо қаноатмандӣ қайд намуданд, ки барномаи номзад ба Президенти кишвар барои 7 сол, дар маҷмӯъ, иҷро гардиданд.

     Дар робита ба шиддат гирифтани рақобати тиҷоратии миёни кишварҳо ба Ҳукумати кишвар супориш дода шуд, ки соли 2020 ҷиҳати ба 87, 4 миллиард сомонӣ расонидани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бо суръати афзоиши он дар ҳаҷми 7,8 фоиз ва дар ҳаҷми 26 миллиард сомонӣ таъмин кардани қисми даромади буҷет чораҳои зарурӣ андешад. Ҳукуматро, ҳамчунин, зарур аст, ки дар ҳафт соли оянда суръати афзоиши воқеъии маҷмуи маҳсулоти дохилиро дар як сол 7,8 фоиз, афзоиши ҳаҷми онро беш аз 1,8 баробар ва ба ҳар сари  аҳолӣ 1,7 баробар таъмин намуда, ҷиҳати ба 45 фоиз расонидани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ва то 18 фоиз паст намудани сатҳи камбизоатӣ нақшаҳои тасдиқгардидаро бо сифат амалӣ намояд. Иҷрои корҳои зикргардида барои ноил шудан ба ҳадафи олии Ҳукумати ҷумҳурӣ таъмини зиндагии шоистаи ҳар як сокини мамлакат мусоидат мекунад.

      Дар Паём Пешвои миллат ба Ҳукумати ҷумҳурӣ дастур доданд , ки то охири соли 2020 барномаҳои дахлдорро бобати рушди миёнамуҳлати иқтисодию иҷтимоӣ барои солҳои 2021 – 2025, амалигардонии гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ ва кодекси нави андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бояд ба боло бардоштани ҳавасмандии соҳибкорон ҷиҳати истеҳсоли молу маҳсулоти дар бозор рақобатпазири содиротӣ, рушди босуботи иқтисодиёт, таъсисдиҳии ҷойҳои нави корӣ ва дар ин асос ба устувор гардонидани заминаҳои андозбандии буҷети давлатӣ мусоидат намояд, таҳия намоянд.

    Дар Паёми имсола ҳам ба соҳибкорӣ, алалхусус соҳибкории истеҳасолӣ имтиёзҳои зиёд дода шуд. Барои фаъолияти мӯътадил ва пурсамари онҳо санҷишҳои фаъолияти соҳибкорон манъ шуда, ҷиҳати ҳавасманд гардонидани фаъолияти соҳибкорӣ, тақвияти механизми дастгирии  давлатии соҳибкорию рушди сармоягузорӣ ва бартараф намудани монеаҳои мавҷуда супоришҳо дода шуд.  

    Бо пешниҳоди Сардори давлат солҳои 2020 – 2040 ”Бистсолагии омӯзиши фанҳои риёзӣ, табиатшиносӣ ва илмҳои дақиқ” эълон карда шуд, ки ин пешниҳод баҳри ҳар чи зудтар ба давлати саноатию аграрӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд. Зеро саноаткунонии босуръати кишвар омода намудани мутахассисони болаёқатро талаб менамояд ва танҳо толибилмоне, ки фанҳои риёзӣ, табиатшиносӣ ва илмҳои дақиқро хуб  омӯхтаанд, дар ин соҳа комёб шуда метавонанд. 

       Дар Паём дар бораи сиёсати молию пулӣ, фаъолияти бонкҳо,  истифодаи мақсаднок ва сарфакоронаи маблағҳои давлатӣ, алалхусус  барои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд.  Таъкид гардид, пеши роҳи нафақаҳои беасос гирифта шавад. Ин маблағҳо барои дастгирии молиявии шахсоне равона карда шавад, ки дар ҳақиқат муҳтоҷи ёрианд.

    Дар асоси сол то сол беҳтар гардидани рушди микроиқтисодии мамлакат дар Паёми имсола аз 1 сентябри соли 2020 50 дарсад зиёд кардани нафақаи маъюбон, ба ҳисоби миёна то 15 фоиз зиёд намудани нафақаи дигар шаҳрвандон, ба андозаи то 10 фоиз баланд бардоштани музди меҳнати кормандони ҳифзи ҳуқуқ  ва хизматчиёни ҳарбӣ ва то 15 фоиз зиёд намудани музди меҳнати кормандони муассисаҳои дигари буҷавӣ дар назар дошта шудааст.   

        Дар ироаи Паём Пешвои миллат дар бораи чор ҳадафи стратегии давлат саноаткунонии босуръати кишвар, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон тавассути рушди инфрасохтори коммуникатсионӣ ва амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ба таҳлилҳои амиқ сухан ронда, вазифаҳоро дар соли оянда ва солҳои минбаъда муайян намуданд.

      Дар Паём оид ба рушди туризм ва инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, ҳифзи муҳити зист, истифодаи захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ва беҳдошти вазъи экологӣ, гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ тавсеаи “Ҳукумати электорнӣ” ва дастраси ба он, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ, содироти маҳсулот  сухан рафта, масъулин барои иҷрои ҳадафҳои муайянгардида вазифадор карда шуданд.

       Дар охир ҳамин нуктаро бо ифтихор қайд карданиам, ки ҳар як Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ моро ба ояндаи неку пурсаодат, зиндагии шоиста ва серу пур, сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ, ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз дилпур мегардонад ва  чун роҳнамо  моро ба иҷрои вазифаҳои ба миёнгузошта ҳидоят ва илҳом мебахшад.

       Ҳабибулло Ҳикматуллоев, аъзои ҲХДТ, вакили Маҷлиси ваклиони халқи ноҳияи Ховалинг  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg